Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои созишномаҳо миёни Тоҷикистон ва Муғулистон


Дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон, панҷ созишномаи байнидавлатӣ миёни ду кишвар ба имзо расид. Раҳмон ва ҳамтои муғули ӯ, Намбарин Энхбаяр, ҳамчунин эъломияи усули асосии ҳамкориҳои дуҷонибаро имзо карданд. Ҳамчунин тарафҳо барои густариши тиҷорат, парҳез аз андозгирии дутараф, ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ, карантин ва ҳифзи растаниҳо ба созиш расиданд. Сафари ҳайати Тоҷикистон дар Муғулистон ду рӯз идома карда, дар ҷараёни он раисиҷумҳур Раҳмон бо сарвазир ва раиси порлумони ин кишвар низ мулоқот хоҳад кард. Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Муғулистон ночиз шумурда мешавад.
XS
SM
MD
LG