Пайвандҳои дастрасӣ

20 млн доллари зиддибӯҳронии Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон


Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои коҳиш додани зарбаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар ин кишвар 20 миллион доллар кӯмак мекунад. Намояндаи доимии ин ниҳоди молии байнулмилалӣ дар Тоҷикистон, Кяра Бронки гуфтааст, ин сармоя бояд ба пуштибонӣ аз барномаи ҳукумат дар ҳифзи эътидоли макроиқтисодӣ равона шавад. Вай афзуд, мақсади кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ ин аст, ки мақомоти Тоҷикистон ислоҳотро идома дода, ба барномаҳои коҳиши фақр тамаркуз кунанд ва қисман камбуди сармояро, ки бар асари бӯҳрон падид омадааст, ҷуброн намоянд. Бонки Ҷаҳонӣ рушди иқтисодиро дар Тоҷикистон дар соли равон 3 % пешгӯӣ мекунад, аммо Кумисюни иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ мегӯяд, даромади нохолиси миллии Тоҷикистон дар қиёс бо соли гузашта қариб 2,5 % кам хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG