Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зӯртарин гуштигирони минтақаи Осиёи Марказӣ – дар Хуҷанд


Аз 28-ум то 30-юми март дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба гуштии самбо баргузор мешавад.

Сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар сабқати минтақавӣ ширкати беш аз 100 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон дар назар аст. Мусобиқа дар навъҳои самбои варзишӣ ва самбои низомӣ сурат мегирад. Аз ҷумла шарафи варзиши Тоҷикистонро дар навъи самбои варзишӣ паҳлавонони маъруфи тоҷик, ба мисли Набимуҳаммад Хоркашев, Сулаймон Сулаймонов, Ризвониддин Бурҳонов, Акмолиддин Каримов дар сабқати мардон, Дилбар Султонова ва Мадина Шамсиева дар сабқати занон ҳимоя хоҳанд кард».

Медали биринҷии теннисбози тоҷик дар Тотористон

Варзишгари тоҷик Саъдӣ Исмоилов барандаи медали биринҷии мусобиқаи умумирусиягии тенниси рӯи миз дар Тотористон гардид. Дар ин мусобиқа беш аз 150 варзишгар аз Русия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ширкат карданд. Теннисбози ҷавони тоҷик Саъдӣ Исмоилов дар рақобатҳои фардӣ байни наврасони деҳот мақоми сеюмро касб кард.

Стипендияи олимпӣ - ба лижаронони тоҷик

Ба иттилоъи сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Вамариҷ Муродов, ба лижаронони кишвар Андрей Дригин ва Алишер Қудратов барои омодагӣ ба Бозиҳои ХХ1 зимистонаи олимпӣ, ки моҳи феврали соли 2010 дар шаҳри Ванкувери Канада доир мегарданд, аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба ҳар кадом стипендия ё моҳонаи олимпӣ ба маблағи 1500 доллар ихтисос дода шудааст.
XS
SM
MD
LG