Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Порис коргарони бекормонда яке аз раҳбарони ширкатро гаравгон гирифтанд. Дар Шотландия манзил ва мошини раҳбари собиқи бонк ба коми оташ рафт. Дар Амрико ғазаби мардум аз пардохти мукофотпулии миллиондолларӣ ба раҳбарони бонку муассисаҳои гирифтори бӯҳрони молӣ то ба фалак мепечад.

Аз Амрико то Аврупо эътирозҳо аз болоравии сатҳи бекорӣ бар асари бӯҳрони молӣ торафт густариш меёбанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи коршиносон, дар Аврупо, ки мардум сарони кишварҳоро дар коҳилӣ барои берунравии иқтисод аз бӯҳрон айбдор мекунанд, лабрез шудани косаи сабри мардум аз эҳтимол дур нест. Коршиносон ҳадс мезананд, ки қаҳру ғазаби афзоянда шояд ба нишасти сарони 20 кишвари пешрафтаи саноатии олам дар Лондон халал ворид кунад. Баргузории намоишҳои эътирозӣ дар ин шаҳр воқеъият аст ва полиси Бритониё ба ширкатҳои молӣ ва бонкҳо тавсия медиҳанд, ки ба амнияти кормандонашон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунанд.

Вазири хориҷаи Бритониё Дэвид Милибанд дар робита ба нишасти қарибулвуқӯъ изҳор намуд, ки сарони кишварҳо бояд бештар рӯи мавзӯъи бекорӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ, ки зодаи бӯҳрони олиянд, тамаркуз кунанд.

Айни ҳол эътирозҳои мардум ба хушунат напечидаанд. Ва аммо нахустин нишонаҳои хушунат аллакай ба чашм мерасанд. Ҳафтаи гузашта тақрибан як миллиону 200 ҳазор сокинони Фаронса дар коршиканӣ ширкат карданд. Ин коршиканӣ бидуни хушунат анҷом ёфт.

Ва аммо ҳодисае, ки ду рӯз пеш дар Эдинебург рух дод, чун бонги изтироби ҷиддӣ арзёбӣ мешавад. Афроди норозӣ аз ҳаққи бознишастагии Фред Гудвин, раиси пешини Бонки Шоҳигарии Шотландия ба маблағи 1 миллион доллар дар як сол, манзил ва мошини ӯро ба оташ кашиданд.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз коргарони норозӣ яке аз раҳбарони корхонаи 3М дар Фаронсаро, ки тақрибан як шабонарӯз гаравгони онҳо буд, раҳо кардаанд. Лук Русел баъди музокироти тулонии раҳбарони ширкат ва сарони иттиҳодияҳои синфӣ аз дафтари кори худ берун омад. Раҳбарони ширкат ваъда доданд, талаби коргаронеро, ки аз маблағи зимни барканорӣ пардохташуда норозиянд, баррасӣ хоҳанд кард.

Мансабдорони амрикоӣ ва бархе аз иқтисоддонҳо Иттиҳоди Аврупоро барои он мавриди интиқод қарор доданд, ки иқтисоди рӯ ба суқутро ба таври кофӣ сармоягузорӣ накардаанд. Ҳамзамон, бархе аз раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо Вошингтонро барои масорифи, аз нигоҳи онҳо, бидуни андешаи маблағ танқид мекунанд. Мирек Тополанек, кафили сарвазири Ҷумҳурии Чех, ки раёсати даврии Иттиҳоди Аврупоро бар дӯш дорад, тарҳи сармоягузорӣ ба иқтисоди Амрико аз роҳи афзоиши қарзу касри буҷаро чун “роҳ ба дӯзах” арзёбӣ кард.

Эътирозҳо, албатта, дар Амрико низ рух медиҳанд. Аз ҷумла, мукофотпулии миллиондолларии раҳбарони ширкати бимаи ЕйАйҶӣ аз ҳисоби 150 миллард доллар кумаки ҳукумат ба ин ширкат боиси қаҳру ғазаби зиёд ва ҳадафи танқид қарор гирифтани барномаи иқтисодии раисҷумҳур Барак Обама шуд.

Дар ҳамин ҳол, сарони кишварҳои аврупоӣ талош мекунанд, ки ба ҳар василае аз аланга гирифтани оташи ғазаби мардум ҷилавгирӣ кунанд. Силвио Берлусконӣ, сарвазири Италия ба афроди бар асари бӯҳрон бекормонда гуфт, ки талош кунанд ба коре машғул шаванд. Раисҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ аз ҳамватанҳояш хост, ки ба арзишҳои миллӣ арҷ гузоранд. Бо назардошти авзоъ дар Фаронса, бархе аз коршиносон ҳазломез гуфтанд, ки шояд Саркозӣ ба арзишҳои инқилобии Фаронса ишора кардааст.
XS
SM
MD
LG