Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфиёти ногаҳонии бостоншиносони тоҷик


Дар деҳаи Тудакавши минтақаи Кулоби Тоҷикистон скелет ва ё устухонҳои марде кашф шуд, ки ба қавли бостоншиносон, тақрибан дувуним ҳазор сол пеш зистааст. Хабаргузории Итар-Тасс навиштааст, ки ин кашфиёти бостониро сокинони маҳаллӣ ёфтаанд, дар ҳолати тақрибан беосеб ҳифз шудааст. Ҳамчунин дар паҳлӯи ин ҷасад, ки қади он ба ду метр мерасад, чанд хуми гилӣ низ пайдо кардаанд. Бостоншиносони донишгоҳи Кӯлоб ба маҳалли кашфиёт рафта ва пас аз омӯзиш тахмин задаанд, ки ин ҷасади нафаре аст, ки эҳтимолан дар кадом як муҳориба кушта шуда ва дафн нашудааст. Дар ангуштони ин ҷасад ангуштарии ғайриоддӣ низ пайдо шудааст. Бостоншиноси тоҷик Юсуф Яъқубов хабар додааст, ки дар наздиктарин фурсат як гурӯҳи бостоншиносон ба маҳали кашфи ҷасад рафта кофтукови археологӣ анҷом хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG