Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба ташкили канисаи нави яҳудиён


Хабари ба ҷамъияти яҳудиён тақдим шудани ҳавлие дар шаҳри Душанбе аз ҷониби раиси "Ориёнбонк" ва додарарӯси президенти Тоҷикистон Ҳасан Асадуллозодаро аксар хабаргузориҳои дохиливу хориҷӣ нашр карданд. Интерфакс менависад, ки ҳарчанд дар "Ориёнбонк" аз ташреҳи ин хабар худдорӣ карданд, аммо гуфтанд, ки тӯҳфаи мазкур "бо фаъолияти бонк ҳеҷ иртиботе надорад ва як иқдоми хайри шахсии раҳбари он" мебошад. Хабаргузории Ройтерс бо зикри ин матлаб менависад, ки "эҳтимолан иқдоми оқои Асадуллозода бо ҳадафи нарм кардани вазъ" баъди имзои қонуни нав оид ба дин аз ҷониби раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гирифта шудааст, ки аз назари бисёриҳо маҳдудкунанда арзёбӣ мешавад. Канисаи нави яҳудиёни Душанбе барои қабули ҳудудан 350 обид дар назар гирифта шуда пурра таъмирдида ва барои истифода омода мебошад. Конгресси яҳудиёни Бухоро дар Амрико ва Канада аз иқдоми Ҳасан Асадуллозода истиқбол кард.
XS
SM
MD
LG