Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Чех расман ба истеъфо рафт


Ҳукумати Ҷумҳурии Чех таҳти раҳбарии нахуствазир Мирек Тополанек дирӯз ба истеъфо рафт. Истеъфои ҳукумати Чех, ки баъди изҳори нобоварии парлумон ба ҳукумат ҳосил шудааст, метавонад тавонмандиҳои ин кишварро ба унвони раҳбари давраии Иттиҳодияи Аврупо, ки ҳоло ин масъулиятро ба дӯш дорад, зери суол барад. Тополанек дирӯз номаи истеъфои худро таслими президент Ватслав Клаус кард. Клаус, ки мунаққиди маъруфи сохтори Иттиҳодияи Аврупо ва ислоҳоти он бар пояи Созишномаи Лиссабон мебошад, акнун бояд нахуствазири ояндаи ин кишварро таъйин кунад. Аммо ҳоло ҳукумати эътилофии Тополанек то замони сари кор омадани ҳукумати нав иҷрокунандаи вазифаи раҳбари давлат мемонад.
XS
SM
MD
LG