Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Конфронси Афғонистон дар Маскав


Имрӯз дар Маскав конфронси байналмилалӣ оид ба баррасии мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон шурӯъ мешавад. Дар кори ин ҳамоише, ки аз ҷониби Созмони ҳамкориҳои Шонҳой даъват мешавад, дабири кулли СММ Бан Ки Мун иштирок хоҳад кард. Ба узвияти Созмони ҳамкориҳои Шонҳой Русия, Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбакистон шомил ҳастанд. Инчунин ҳузури мақомоти баландпояи Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО низ дар ин нишаст дар назар аст. Нишасти Маскав чор рӯз пеш аз конфронси СММ дар умури Афғонистон ташкил мешавад, ки дар Ҳейг мегузарад.
XS
SM
MD
LG