Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба тазоҳуроти бидуни хушунат дар Гурҷистон


Як дипломати баландпояи амрикоӣ гуфт, ки Вашингтон аз раҳбарони ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифини Гурҷистон тақозо кард, ки дар пешорӯи тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ, ки моҳи апрел баргузор мешавад, аз хушунат худдорӣ кунанд. Метю Бриза, ёвари муовини вазири хориҷаи Амрико ахиран зимни боздиди кӯтоҳаш аз Гурҷистон бо намояндагони ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифин мулоқоте анҷом дод. Бриза дар минтақа барои ширкат дар музокироти бахшида ба ҳалли қазияи Қаробоғи Кӯҳӣ қарор дорад. Ҳафтаи ҷорӣ даҳ тарафдори мухолифин бо иттиҳоми нигаҳдошти аслиҳа боздошт шуданд. Зимни пахши наворҳои видеоӣ полис гуфт, ки ин афрод ният доштанд дар ҷараёни тазоҳуроти 9 апрел даст ба хушунат зананд.
XS
SM
MD
LG