Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Стратегияи Обама дар Афғонистон


Имрӯз қарор аст раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама стратегияи дериннтизори худро барои Афғонистон муаррифӣ кунад. Назар ба иттилое онҳое, ки бо тарҳи ин нақша ошно шудаанд, эҳтимол меравад Обама ирсоли чаҳор ҳазор омӯзгору тамриндиҳандагонро ба Афғонистон эълон кунад. Мутахассисони риштаҳои мухталиф, амсоли кишоварзӣ, барои пешбурди зиндагии мардуми оддии ин кишвар мусоидат хоҳанд кард. Барномаи стратегии Обама ҳамчунин аз мушовирони иқтисодӣ тақозо мекунад, ки барои баэътидол овардани вазъи Покистон, ки ба паноҳгоҳи Толибон табдил шудааст, сафарбар шаванд. Номзади Обама ба мақоми сафири Амрико дар Афғонистон генерал-лейтенант Карл Эйкенберрӣ дар Сенат гуфт, ки барои расидагӣ ба чолишҳои амниятии Афғонистон нирӯҳои бештар лозим мешаванд. Вай даъват кард, ки дар ин замина тадбирҳои фаврӣ андешида шавад:

"Вазъи Афғонистон фавқулодда мушкил аст ва вақти мо ҳам хеле танг аст. Дар сурати сар задани ҳолати баде, ҳеҷ чизе наметавонад ҷои ин чизҳоро бигирад".

Дар Афғонистон ҳамлаҳои Толибон афзоиш ёфта таркишҳои бомбаҳои сарироҳӣ бештар ба мушоҳида мерасад. Дирӯз як масъули умури Афғонистон дар ҳукумати Канада гуфт, ки ҷангиёни Толибон бомбаҳои беҳтару бузургтар таҳия мекунанд, ки зидди сарбозони канадаӣ дар ҷануби Афғонистон истифода мешавад.
XS
SM
MD
LG