Пайвандҳои дастрасӣ

Инфиҷори пурқурбонӣ дар шимоли Бағдод


Бар асари инфиҷор дар шимоли Бағдод дасти кам 16 нафар кушта шуда, беш аз 35 нафар ҷароҳат бардоштанд. Миёни қурбониён занону кудакон низ ҳастанд. Ба иттилоъи полис, маводи мунфаҷира дар як мошин дар ноҳияи Шааб гузошта шуда буд.
Моҳҳои ахир сатҳи хушунат дар Ироқ ба карат пойин рафт. Рӯзи чаҳоршанбе намояндаи ҳайати низомии ИМА дар Ироқ изҳор намуд, ки айни ҳол теъдоди ҳамлаҳои интиҳорӣ - пойинтарин аз шурӯъи ҷанг дар соли 2003-юм аст. Ва аммо дар бархе аз манотиқи Ироқ, аз ҷумла, дар вилоятҳои шимолӣ ва дар пойтахт ҳамлаҳои террористӣ зиёд рух медиҳанд.
XS
SM
MD
LG