Пайвандҳои дастрасӣ

Пекин аз гузориши Пентагон изҳори нигаронӣ кард


Пекин гузориши вазорати дифоъи Амрико дар бораи афзоиши нерӯи низомии Чинро чун “таҳрифи ҳақиқат” ва “мудохила ба умури дохилаи кишвар” арзёбӣ кард. Дар гузориши солонаи Пентагон ба Конгресси ИМА, аз ҷумла, ба талошҳои Чин барои коркарди силоҳ аз рӯи технологияи ҷадид ишора шудааст, ки, ба ақидаи муаллифон, мизони нерӯҳо дар қораи Осиёро баҳам мезанад ва ба амнияти Тайван хатар эҷод мекунад. Ба иттилоъи Пентагон, мутахассисони чиноӣ коркарди силоҳи нави ҳастаӣ, кайҳонӣ ва кибернетикиро идома медиҳанд.
Намояндаи вазорати умури хориҷаи Чин изҳор намуд, ки гузориши вазорати дифоъи ИМА дар рӯҳияи асноди замони “ҷанги сард” таҳия шуда, ба равобити дуҷониба латма мезанад.
XS
SM
MD
LG