Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи навбатӣ ба хабарнигорон дар Бишкек


Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, боз ду хабарнигор мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Хабаргузории Интерфакс бо такя ба вазорати умури дохилаи кишвар иттилоъ додааст, ки шаби гузашта сардабири нашрияи “Московский комсомолец –Қирғизистон” ва хабарнигори ин нашрия лату кӯб ва ғорат карда шуданд. Улуғбек Бобоқулов бо ҷароҳатҳои зиёд ба бемористон интиқол ёфт ва Елена Агеева дар манзилаш таҳти назорати табибон аст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ва аммо мақомоти ҳифзи тартибот мегӯянд, ки ин ҳамла ба фаъолияти касбии хабарнигорон рабте надорад.
Аз ин пеш тайи моҳи равон хабарнигори нашрияи "Репортёр - Бишкек" ва наворбардори ширкати телевизионии маҳаллӣ мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор доштанд.
XS
SM
MD
LG