Пайвандҳои дастрасӣ

Теҳрон пешниҳоди Вошинтонро пазируфт


Эрон пешниҳоди ИМА барои ширкат дар конфаронси байнулмилалӣ оид ба Афғонистонро пазируфт. Ин нишаст ҳафтаи оянда дар шаҳрии Гаагаи Ҳуланд баргузор хоҳад шуд. Интизор меравад, ки дар конфаронс ҳайатҳои беш аз 80 кишвари олам ширкат кунанд. Дар ин нишаст Дабири Кулли СММ Бан Ки Мун ҳузур хоҳад дошт.
Пешниҳоди ширкат дар ин форум ба Теҳрон аз сӯи Котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон ироа шуд ва чун нахустин гоми мушаххаси маъмурияти Барак Обама барои эҳёи гуфтугӯ бо Эрон арзёбӣ мешавад. Ҳанӯз маълум нест, ки ба ҳайати Эрон дар ин конфаронс кӣ сарварӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG