Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши "Газел" дар Сарбанд


Субҳи имрӯз бар асари таркиш дар канори бунгоҳи фурӯши газ дар ҷамоати Гулистони шаҳри Сарбанд ба як автобуси хурди ”Газел” осеби ҷиддӣ расид. Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, ронандаи “Газел” барои микроавтобус маводи сӯхт харидорӣ кард ва тақрибан 200 метр аз бунгоҳи фурӯши газ инфиҷор рух дод. Ронанда ва ягона мусофири микроавтобус дар лаҳзаи охир худро берун андохтанд ва ҷароҳати сабук бардоштанд. Дар ситоди кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ дар шаҳри Сарбанд ба хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтанд, ки дар ҷойи ҳодиса тафтишот идома дорад. Айни ҳол фақат як фарзия – таркиши балони гази микроавтобус тафтиш мешавад.

XS
SM
MD
LG