Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акмал Қодиров – ғолиби мутлақи сабқати Наврӯзӣ


Варзишгари маъруфи тоҷик Акмал Қодиров ғолиби мутлақи мусобиқаи Наврӯзӣ оид ба армреслинг ё дастхобонӣ гардид.

Ин мусобиқа бо ширкати 48 варзишгар дар меҳмонхони «Вахш»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Акмал Қодирови истаравшанӣ, қаҳрамони секаратаи Осиё ва барандаи ҷоизаи сабқати ҷаҳонӣ, дар даври ниҳоӣ бар ғолиби бисёркаратаи ин мусобиқа Амришер Собирови душанбегӣ пирӯзӣ ба даст овард.

Дар сабқати занон Сокина Мӯҳсинзода, намояндаи маркази варзишию тандурустии «Сокол»-и Душанбе, дар вазни то 55 кг ва барандаи ҷоизаҳои мусобиқоти қитъавӣ Марҳабо Шамсиддинова, аз маҷмаъаи варзишию тандурустии пойтахти кишвар, дар вазни беш аз 55 кг ҷойҳои аввалро касб карданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон Нозим Дареғӣ («Вавилон-Т», 60 кг), Аҳлиддин Ҳасанов (Қӯрғонтеппа, 70 кг), Амришер Собиров (МВТ «Сокол», 90 кг) ва Акмал Қодиров (вилояти Суғд, беш аз 90 кг) ғолиб шуданд.

Раиси Иттиҳодияи армспорти Тоҷикистон Нодир Дареғӣ ба радиои Озодӣ гуфт: «Сабқати Наврӯзӣ, ки барои бори ҳафтум баргузор шуд, як марҳилаи омодагии варзишгарони кишвар ба мусобиқаи қаҳрамонии армреслинги Тоҷикистон ба шумор мерафт. Сабқати ҷумҳуриявӣ аз 3-юм то 5-уми июл дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор хоҳад шуд ва ғолибони он Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки моҳи сентябр дар Италия доир мегардад, намояндагӣ хоҳанд кард».
XS
SM
MD
LG