Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаррух Амонатов дар Тошканд дуюм шуд


Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байнулмилалӣ барои гиромидошти хотираи аввалин гроссмейстери Узбакистон Георгий Аъзамов дар шаҳри Тошканд ҷои дуюмро касб кард.

Гроссмейстери тоҷик бозии даври 9-ум ва охирини мусобиқаро бо гроссмейстери рус Сергей Волков бо натиҷаи мусовӣ анҷом дод. Бад-ин тартиб ғолиби мусобиқаи порсола Фаррух Амонатов, ки ин дафъа дар 5 бозӣ пирӯз шуда, 4 бозиро мусовӣ кард, бо 7 имтиёз байни 98 нафар ҷои дуюмро гирифт.

Гроссмейстери 64-солаи рус Виталий Сешковский, ки дидори охиринашро бо гроссмейстер Виталий Голод (Исроил) мусовӣ анҷом дод, бо 7,5 имтиёз ғолиби мусобиқа шуд. Гроссмейстер Антон Филиппов (Узбакистон) бо 6,5 имтиёз ҷои сеюмро азони худ кард.

Шатранҷбози ҷавони тоҷик, устоди ФИДЕ Соҳиб Ҷӯраев, ки дар даври охирин аз гроссмейстер Борис Чаталбашев (Булғористон) мағлуб гашт, бо 5,5 имтиёз дар ҷои 23-юм қарор гирифт.

Намояндагони дигари Тоҷикистон Неъмат Зиёев (65-ум), Темур Гадоев (67-ум) ва Давлатмамад Сангмамадов (72-юм) 4-имтиёзӣ, Сӯҳроб Ҳошимов (88-ум) 3 имтиёз ва Асила Мӯҳтоҷзода (93-юм) 2,5 имтиёз ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG