Пайвандҳои дастрасӣ

Бритониё ҷанги Ироқро таҳқиқ мекунад


Вазири хориҷаи Бритониё Дейвид Миллибанд гуфт, ки дар наздиктарин фурсат, яъне баъди бозгашти қисмати аслии сарбозони бритониёӣ аз Ироқ тобистони имсол таҳқиқи расмии ҷанги Ироқ шурӯъ мешавад. Миллибанд гуфт, ки шароити вуруди низомии нирӯҳои амрикоӣ дар соли 2003 ба хоки Ироқ ва паёмадҳои он дар фурсати наздиктарин баъди 31 июл ба роҳ монда мешавад, вақте бахши аъзами сарбозони ин кишвар ба ватан бармегарданд. Бо зикри ин ҳама вай аммо нагуфт, ки ин таҳқиқот ба кадом тарз пеш хоҳад рафт. Тасмими нахуствазири пешини Бритониё Тони Блэр барои ирсоли нирӯҳои кишвар ба ҷанги Ироқ Бритониёро ба ду тақсим кард. Мухолифони ин ҷанг тақозои анҷоми таҳқиқи мустақили ин рӯйдодҳоро мекунанд.
XS
SM
MD
LG