Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳузури Эрон дар нишасти марбут ба Афғонистон


Вазири хориҷаи Ҳолланд гуфт, ки Эрон даъватномаи ширкат дар конфронси Афғонистонро, ки дар Ҳейг ҳафтаи оянда баргузор мешавад, пазируфтааст. Дар ин ҳамоиш инчунин намояндаи мақомоти ИМА низ иштирок хоҳад кард. Максиме Верҳаген, вазири ҳолландӣ гуфт, ки ҳанӯз маълум нест чӣ мақоме дар ин нишаст аз Теҳрон намояндагӣ хоҳад кард. Ба ин ҳамоише, ки бо ташаббуси вазири хориҷаи Амрико Ҳиллари Клинтон даъват мешавад, дар канори дабири кулли СММ Бан Ки Мун инчунин намояндаҳои 80 давлати ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. Конфронси Афғонистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки Вашингтон дар андешаи эҷоди равобити беҳтар бо Теҳрон мебошад.
XS
SM
MD
LG