Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Минск Рӯзи Озодӣ таҷлил шуд


Дирӯз ҳудудан чаҳор ҳазор тазоҳургарони мухолифин дар Минск, пойтахти Беларус, "Рӯзи Озодӣ"-ро бо як раҳпаймоӣ таҷлил карданд. Ин сана ба ифтихори 25 марти соли 1918 таҷлил мешавад, ки дар таърихи ин кишвар ҳамчун рӯзи таъсиси нахустин давлати мустақили Беларус ёд мешаваду аммо фақат як муддати кӯтоҳ арзи ҳастӣ кардааст. Тазоҳургарон талаби мақомотро нодида гирифтанд, ки баргузории раҳпаймоиро дар боғи канори шаҳри Минск, дур аз марказ тақозо мекарданд. Полис аз дасти тазоҳургарон баландгӯякҳоро мусодира карда роҳи онҳоро ба ҷониби сохтмонҳои ҳукуматӣ масдуд кард. Аммо ин навбат полис аз истифодаи нирӯву зӯр худдорӣ намуд. Мухолифин гуфтанд, ки чунин нармиш дар шеваи полис аз талошҳои раиси ҷумҳурӣ Александр Лукашенка барои беҳбуди равобиташ бо Ғарб маншаъ мегирад.
XS
SM
MD
LG