Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини нави раиси СММ дар Афғонистон


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун як дипломати амрикоӣ ва академик Питер Галбрайтро ба мақоми муовини раиси ҳайати СММ дар Афғонистон таъин кард. Галбрайт, ки ба ин вазифа ба ҷои Кристофер Александри канадаӣ меояд, масъули масоили сиёсӣ, сулҳу субот ва ислоҳоти бахши амниятии ин кишвар дар СММ хоҳад шуд. Баъди пошхӯрии Югославия солҳои 1990-ум Галбрайт нахустин сафири Амрико дар Хорватия таъйин шуд. Нақши ӯро дар хатми ҷанги Босния дар солҳои 1992-1995 муҳим арзёбӣ мекунанд. Раҳбарии ҳайати СММро дар Афғонистон дипломати норвежӣ Кай Эйде ба ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG