Пайвандҳои дастрасӣ

Тополанек:Суқути ҳукумати Чех дар ИА таъсир надорад


Мирек Тополанек-нахуствазири ҷумҳурии Чех, ки кишвараш то моҳи июли соли ҷорӣ раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш дорад, имрӯз зимни суханони худ дар порламони Аврупо гуфт, ки истеъфои ҳукумати вай ба раёсати кишвараш дар Иттиҳодияи Аврупо таъсире нахоҳад гузошт:

"Ин ба раёсат таъсире нахоҳад дошт, ман бовар дорам. Он гуна, ки ман дар оғози раёсат бар Иттиҳодияи Аврупо дар порламони Аврупо гуфтам, мо талош мекунем, мунозиротро идома диҳем ва ба созиш бирасем".

Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш ҳукумати Тополанек натавонист дар порламони Чех райи эътимод ба даст орад.
XS
SM
MD
LG