Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду моҳи боздошт барои 8 мухолиф дар Гурҷистон


Додгоҳи Гурҷистон дастур додааст, 8 нафар ҷонибдорони мухолифон барои нигаҳ доштани аслиҳаи ғайриқонунӣ, тарҳрезии кудето ва амали террористӣ то судури ҳукми додгоҳ ду моҳ дар боздошт ба сар баранд. Бисёре аз боздоштшудагон ҷонибдорони Ҳизби Ҷунбиши Демократии Гурҷистони воҳид мебошанд, ки раҳбарии онро Нино Бурҷанадзе-раиси собиқи порламони Гурҷистон бар ӯҳда дорад.

XS
SM
MD
LG