Пайвандҳои дастрасӣ

Пас аз эълони нобоварӣ дар порлумон ҳукумати Ҷумҳурии Чех ба истеъфо меравад. Бо раёсати даврии он дар Иттиҳоди Аврупо чӣ хоҳад шуд?

Сарвазир Мирек Тополанек, мегӯяд, бӯҳрон дар ҳукумати ӯ ба фаъолияти кишвараш ҳамчун раиси даврии иттиҳод таъсир нахоҳад дошт.

Вай гуфт: "Суқути ҳукумати чех, мусалламан, ба раёсати Иттиҳоди Аврупо таъсире нахоҳад дошт. Ҳақиқаташ ин аст, ки Сотсиал-демократҳои чех сари раёсати Ҷумҳурии Чех дар Иттиҳоди Аврупо ҳисоб накарданд ва онҳо оддитарин сатҳи ҳамкориро қабул надоштанд ва ин ба худи Ҳизби Сотсиал-демократ зарба зад."

Аммо аксари вакилони Порлумони Аврупо ба муборизаҳои дохилии Ҷумҳурии Чех ва равобити байни аҳзоби гуногуни он шояд коре надоранд. Онҳо бештар бо рақобатҳои бузургтар дар дохили худи Иттиҳоди Аврупо машғуланд. Ва ин бӯҳрон дар ҳукумати Чех ногузир ба бархе аз ташаннуҷҳои ошкору ниҳони дерина таъсири муайян хоҳад дошт.

Кишварҳои калони Иттиҳоди Аврупо ташнаи чунин имкониятҳое ҳастанд, ки битавонанд, нуфузи худро дар иттиҳод мустаҳкамтар кунанд. Аъзои куҳнатари иттиҳод ба аъзои навтар бо шубҳа менигаранд ва ҳодисаи ахир ба ин рақобат низ таъсир мекунад.

Франсуа Ҳейсбург, мушовири вижаи Бунёди пажӯҳишҳои стратегӣ дар Порис ба радиои "Озодӣ" гуфт, бӯҳрони ҳукумати Чех ба доираи маҳдуди кишварҳои бузург имкон медиҳад, тасмимгириро дар Иттиҳоди Аврупо ба худ ихтисос диҳанд.

Ҳейсбург мегӯяд, "ҳалномаҳои асосӣ ё дар дохили еврозона омоад хоҳанд шуд ва ё дар формати чаҳоргона -- Британия, Фаронса, Олмон ва Италия бо иловаи Кумисюни Аврупо. Ин хабари хуше нест ва бо амиқрафти ҳамарӯзаи бӯҳрони ҷаҳонӣ вазъро мушкилтар хоҳад кард."

Бахусус, Фаронса, ба назар мерасад, ҳанӯз аз моҳи январ ба ин сӯ талош дорад, бархе аз тавоноиҳои иқтисодиро аз раёсати Иттиҳоди Аврупо ба канор бикашад. Дастикам барои давраи раёсати Чехия ва ҷонишини он дар нимаи дувуми сол -- Шведсия, ки ҳарду узви еврозона нестанд. Яъне евро ҷои пули миллии онҳоро нагирифтааст.

Иттифоқан, раҳбари ҳизби мухолифи Сотсиал-демократи Чехия, Иржӣ Парубек, заъфи ҳукуматро дар робита ба бӯҳрон сабаби суқути он номид: "Ман фикр мекунам, ҳукумат сазои сарашро дид. Он ба масъалаҳои марбут ба бӯҳрон ва таъсири он ба иқтисоди Ҷумҳурии Чех расидагӣ карда натавонист."

Зимнан, Ҷумҳурии Чех аввалин кишвари собиқ паймони Варшава буд, ки раёсати Иттиҳоди Аврупоро ба даст гирифт.

Соро Ҳейгман, таҳлилгари Маркази шинохти сиёсатҳои Аврупо дар Бруссел, мегӯяд, ҳарчанд бӯҳрони чех ба умури рӯзмарраии Иттиҳоди Аврупо воқеан начандон таъсир хоҳад кард, соҳаҳое ҳастанд, ки камбуди раҳбарӣ метавонад, мушкилот ба вуҷуд оварад:

"Гуфтушунидҳои ҳаррӯза ва тасмимгириҳои сатҳи поён, албатта, идома хоҳанд кард. Аммо баъзе тасмимҳои муҳим низ рӯи мизанд, ки суоли кӣ бояд сарварӣ кунад ва чӣгуна ба онҳо кӯмак нахоҳанд кард."

Ҳейгман ва дигар коршиносон нишасти сарони Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида дар 5-уми апрел, нишасти сарони 20 кишвари пешрафта дар Лондон, рӯзҳои 19 ва 20 апрел, нишасти сарони Иттиҳоди Аврупо дар масъалаи шуғл (6-уми май), ҷаласаи Коршарикии Шарқӣ (7-уми май)-ро дар назар доранд.

Ноиби сарвазири Ҷумҳурии Чех, Александр Вондра мегӯяд: "Нахустин бор дар 20 соли охир, дар чунин давраи ҳалкунанда, ки мо метавонистем, эътибор ба даст орем ва замоне ки мо на танҳо аз кишвари хеш, балки аз ҳамаи Иттиҳоди Аврупо намояндагӣ мекардем, порлумон ба тахтапушти ҳукумат ханҷар зад."

Вондра бӯҳрони ахирро зарбае ба тасвиби паймони лисабон меномад, вале коршиносон мегӯянд, ин мушкил бо Ҷумҳурии Чех маҳдуд хоҳад буд, ба вижа ки раисиҷумҳури он Ватлсав Клаус ба Иттиҳоди Аврупо бо шубҳаи тамом нигоҳ мекунад.
XS
SM
MD
LG