Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи модари се маълул ба раисҷумҳур


Шарофат Розиқова, як зани сокини шаҳраки Ғарм, ки се писари маълули худро солиёни дарозест парасторӣ мекунад, зимни як нома аз президенти кишвар хостори кумак шудааст.

Хонаи Шарофатбону парваришгоҳи маълулҳоро мемонад, ки дар он Мирзоалии 23-сола, Далерҷони 21-сола ва Алишери 7-сола барои ҳамеша болои кат хобидаанд. Онҳо на роҳ мераванд ва на сухан мегӯянд. Ва танҳо ба ҳангоми гурусна мондан ба модарашон ишора мекунанд, то барои онҳо ғизо бидиҳад.

Хонум Шарофат бо оби дида мегӯяд, ҳамарӯза аз субҳ то шом машғули нигоҳбонии фарзандони маслуқаш буда, дар бархе мавридҳо тамоми шаб сари болини онҳо шабзиндадорӣ мекунад. Ва аз ин рӯ боре ҳам барои аз хона берун рафтан ва имкон надорад. Вай мегӯяд, «писарони маълулам калонсол шудаанд ва то ҳол онҳоро ҳамчун тифли навзод нигоҳбонӣ мекунам, бо даст хурок медиҳам, либос мепӯшонам, сару танашонро мешӯям, берун мебарам. Фарзандони маслуқам ҳамагӣ 60 сомонӣ нафақа мегиранд ва дигар ягон кумаке мо намегирем. Писари калониам 23-сола шуд ва то ҳол ҳатто аробача надорад...»

Хонаводаи Шарофатбону зиндагии хоксорона доранд. Вай мегӯяд, қаблан шавҳараш ба Русия ба мардикорӣ мерафт, вале дар ҳоли ҳозир бекор аст ва ягона манбаи даромади ин хонавода нафақаи фарзандони маслуқи онҳост, ки ҳамагӣ 180 сомониро ташкил медиҳад.

Шарофат Розиқова аз ноилоҷӣ унвони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як нома навишта, дар он дар бораи сарнавишти талхи се писари худ нақл кардааст. Вай мегӯяд, умедвор аст, ки ин нома бо дарди дилаш то ба раисҷумҳур хоҳад расид.

Хонум Шарофат бо шавҳараш як бор тасмим гирифтаанд, ки фарзанди калонии худро ба парваришгоҳи шаҳри Душанбе бубаранд, вале меҳри модарӣ боло гирифт ва ӯ писари маълулашро бозпас ба хонааш бурд. Вай гирякунон нақл мекунад, ки «вақте писарамро ба Душанбе бурданд, менишастаму ҳамин порчаҳоро хонда мегиристам:

Ин роҳаки Душанбе парча-парча,
Се тифли касал дорам, ҳарсеш бача,
Дар мошин саворашон карданд, гуфтанд «Оча»,
Оча бимирад дар хоки пои се бача».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG