Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулло Гул бо раҳбарони курд мулоқот кард


Абдулло Гул-раиси ҷумҳури Туркия ба оғози музокирот бо раҳбарони курди Ироқ асос гузошт. Вай рӯзи сешанбе дар Бағдод бо Нечирвон Барзанӣ-раҳбари минтақаи мухтори Курдистони Ироқ мулоқот анҷом дод. Гул аз Барзанӣ тақозо кард, ки бар зидди курдҳои шӯришӣ, ки барои ҳамла ба Туркия аз қаламрави Ироқ истифода мекунанд, мавзеъгирии дақиқ дошта бошад.

XS
SM
MD
LG