Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси маҳаллии ҷунбиш барои куштори тоҷик боздошт шуд


Бино ба хабари матбуъоти Русия, Олег Иванов-раиси бахши минтақаии Ҷунбиши зидди муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳри Нижний Новгород ҳамчун гумонбар дар қатли як шаҳрванди Тоҷикистон дар шӯъбаи пулис қарор дорад. Дар маҳали куштори тоҷик навиштаи "Хайл Гитлер" пайдо шудааст ва гӯё он далолат мекунад, ки ҷунбиши мазкур дар ин куштор даст дорад. Интизор меравад, ки пулис дар хонаи 11 нафар аз аъзои дигари ин ҷунбиш ҷустуҷӯ анҷом диҳад. Иванов 24-ӯми март боздошт шудааст. Аз шаҳрванди Тоҷикистон ва замони куштори вай маълумот дода нашудааст.

XS
SM
MD
LG