Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ба Ироқ бештар об медиҳад


Имрӯз Тариқ ал-Ҳошимӣ-муовини раиси ҷумҳури Ироқ гуфт, Абдулло Гул-раиси ҷумҳури Туркия қавл додааст, миқдори обе, ки аз рудхонаҳои Даҷлаву Фурот барои Ироқ пешбинӣ шудааст, ду баробар афзоиш диҳад. Ин эъломия баъд аз ду рӯзи музокироти ҷонибҳо дар ҷараёни боздиди Абдулло Гул аз Бағдод садо дод. Боздиди раҳбари Туркия аз Ироқ дар 33 соли ахир бори аввал анҷом гирифт. Тақсими об ҳамеша масъалаи баҳси миёни ин ду кишвар будааст. Бунёди силсилаи обанборҳо дар рудхонаҳои Туркия барои обёрии манотиқи ҷанубии Анатолия боиси камтар ҷорӣ шудани об ба Ироқ шудааст.

XS
SM
MD
LG