Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раҳбарони Русияву Туркманистон дар Маскав


Қубонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон барои дидор ва гуфтугӯ бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар Маскав қарор дорад. Бердимуҳаммадов рӯзи сешанбе вориди Маскав шуд. Мақомоти расмии Кремл мегӯянд, дар музокирот раҳбарони ҳар ду кишвар роҷеъ ба масъалаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва башарӣ гуфтугӯ хоҳанд кард. Кохи Кремл афзудааст, дар миёни ин масъалаҳо ҳамчунин масъалаи эҳдоси лулаи гази Туркманистон-Русия низ ҳаст, ки мумкин аст аз қаламрави Қазоқистон гузарад.

XS
SM
MD
LG