Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии самбо дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии паҳлавонони пойтахти кишвар ба анҷом расид.

Дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон Маҳмуди Абдуллоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа, ки дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба навъҳои гуштӣ баргузор шуд, 130 гуштигир аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат карданд.

Паҳлавонони шаҳри Душанбе - Акмалиддин Каримов дар вазни то 52 кг, Наҷибулло Ҳабибов (57 кг), Хушбахт Назаров (62 кг), Ризвониддин Бурҳонов (68 кг), Сулаймон Сулаймонов (74 кг), Абдумалик Лайлиев (82 кг), Набимуҳаммад Хоркашев (100 кг) ва Зиёратшоҳ Баротов (беш аз 100 кг) - инчунин, гуштигири шаҳри Ваҳдат Пӯлодҷон Солеҳов (90 кг) ҷойҳои аввалро касб карда, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Ба иттилоъи Маҳмуди Абдуллоҳ ғолибонb сабқати ҷумҳуриявӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар шарафи Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиёи Марказӣ, ки 29-уми март дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, ҳимоя мекунанд. Оқои Абдуллоҳ афзуд, дар сабқати минтақавӣ ширкати беш аз 100 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон дар назар аст.
XS
SM
MD
LG