Пайвандҳои дастрасӣ

Танзими ҳуқуқии вазъи муҳоҷирон дар Тоҷикистон


Сар аз якуми апрел иҷозаи кор ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон тибқи қоидаҳои нав ва шадидтар сурат хоҳад гирифт.

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ҳамакнун барои ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва ё афроди бидуни шаҳрвандӣ ба кор ҷарима ситонида хоҳад шуд. Миқдори ҷарима аз шахсони инфиродӣ аз 30 то 50, аз мансабдорон аз 70 то 100 ва аз шахсони юридикӣ аз 250 то 300 ҳадди ақалли маош таъин шудааст.

Ҳамакнун, кордиҳанда барои ҷалби афроде, ки шаҳрванди Тоҷикистон нестанд, бояд муҷаввизи кор бигирад.

Бино бар омори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар соли 2007 тақрибан 30.000 шаҳрванди хориҷӣ барои кор ба Тоҷикистон омада буданд ва дар соли 2008 ин рақам ба 62.000 расидааст. Аксаран, инҳо шаҳрвандони Чин, Эрон, Туркия ва Русия будаанд.

Дар соли гузашта барои ҳузури ғайриқонунӣ 968 шаҳрванди хориҷӣ ҷарима шуда, 186 нафари онҳо депорт шудаанд.
XS
SM
MD
LG