Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаррух Амонатов ба ҷои дуюм баромад


Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байнулмилалӣ барои гиромидошти хотираи аввалин гроссмейстери Узбакистон Георгий Аъзамов, ки дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, бо 6,5 имтиёз байни 98 нафар ба ҷои дуюм баромад.

Фаррух Амонатов дар даври ҳаштум бар гроссмейстер Вадим Малахатко (Белгия) пирӯз шуд. Гроссмейстер Амонатов, ғолиби мусобиқаи порсола, дар 5 бозӣ ғалаба карда, 3 бозиро мусовӣ анҷом додааст. Ӯ дар даври охирини мусобиқа бо гроссмейстер Сергей Волков (Русия), ки бо 6 имтиёз дар ҷои сеюм мебошад, бозӣ хоҳад кард.

Пас аз 8 даври мусобиқа гроссмейстери 64-солаи рус Виталий Сешковский бо 7 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад.

Шатранҷбози ҷавони тоҷик, устоди ФИДЕ Соҳиб Ҷӯраев, ки дар даври ҳаштум гроссмейстер Марат Ҷумъаеви узбакистониро мағлуб кард, бо 5,5 имтиёз дар ҷои 16-ум ҷойгир шудааст. Намояндагони дигари Тоҷикистон Темур Гадоев 4 имтиёз, Неъмат Зиёев, Сӯҳроб Ҳошимов ва Давлатмамад Сангмамадов 3-имтиёзӣ, Асила Мӯҳтоҷзода 2,5 имтиёз ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG