Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корбарони чинӣ аз YouTube маҳрум шуданд


Ҳукумати Чин сомонаи интернетии YouTube-ро масдуд кардааст, мегӯяд ширкати моликдори ин сайт Google. Корбарони интернет дар Пекин гуфтанд, ки рӯзи сешанбе натавонистанд вориди ин сомонае шаванд, ки ба корбарони саросари ҷаҳон имкон медиҳад наворҳои видеоии худро ба маърази тамошо гузоранд. Худи дирӯз хабаргузории расмии Синҳуа гуфт, наворе, ки дар YouTube гузошта шуда лату кӯби шадиди эътирозгари тибетиро дар Лҳаса соли гузашта намоиш медод, сохтакорона будааст. Зимни сӯҳбат бо хабарнигорон сухангӯи вазорати хориҷаи Чин ҳарчанд аз тавзеҳи моҷарои нав бо YouTube худдорӣ кард, аммо гуфт, ки ҳукумат аз Internet ҳарос надорад.
XS
SM
MD
LG