Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корея ду хабарнигорро ба ҷосусӣ муттаҳам кард


Вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳида гуфт, ду хабарнигори амрикоӣ, ки ҳафтаи гузашта аз ҷониби мақомоти Кореяи Шимолӣ дар марз бо Чин боздошт шуданд, дар ҷосусӣ муттаҳам мешаванд. Сухангӯи вазорати хориҷа Роберт Вуд гуфт, ки мақомот дар Пйонгянг ИМА-ро мутақоид карданд, ки нисбати ду зан - Эуна Лӣ ва Лаура Лӣ бархӯрди муносибе сурат гирифтааст. Дар айни замон мизони таниш дар равобити Кореяи Шимолӣ ва Ғарб хеле баланд аст, чунки ин кишвари коммунистии баста дар андешаи партоби мушаки дурпарвозе мебошад.
XS
SM
MD
LG