Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муборизаи ИМА зидди террористон идома меёбад


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама гуфт, бо далели ин ки ҳанӯз ҳам таҳдиди Ал-Қоида ба Афғонистон побарҷост, ИМА ҳамоно дар мавқеи муқовимат ба террористон қарор хоҳад дошт. Зимни суханрониаш баъди мулоқот бо нахуствазири Австралия Кевин Руд дар Кохи Сафед вай гуфт, ки умедвор аст марҳилаи навбатии ҷанг бар асоси як стратегияи фарогиру ҳадафманд ва бонизом дар ҳамоҳангӣ бо кишварҳои узви эътилоф пеш хоҳад рафт. Кохи Сафед нақшаи нави худро барои Афғонистон ҳафтаи ҷорӣ муаррифӣ мекунад ва ин кор бар асоси омӯзиши мӯшикофонаи таҷрибаи ҷанги зиддитеррор дар Афғонистон дар тӯли ҳафт соли охир сурат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG