Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав музокиротро бо Киев масдуд кард


Русия музокираҳои миёни Маскав ва Киевро барои ироаи қарзи панҷмиллиарддолларӣ ба Украина барои барқарории вазъи иқтисодии ин кишвар масдуд кард. Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев ин тасмими Маскавро ба талошҳои навсозии системаи газгузарониии Украина ҳамроҳ бо Иттиҳодияи Аврупо марбут донист. Медведев гуфт, ки тавофуқи рӯзи душанбе миёни Киеву Бруссел бадастомада саволҳои зиёдро эҷод мекунад. Вай гуфт, ки ҷонибҳо аз ҳузури Русия дар ин гуфтугӯҳо сарфи назар карданд. Украина гуфт, ки системаи интиқоли гази ин кишвар, ки бахши аъзами гази Аврупо аз он убур мекунад, зидди Русия нигаронида нашудааст.
XS
SM
MD
LG