Пайвандҳои дастрасӣ

Сомонэйр соҳиби Боинги дигар шуд


Ширкати ҳавонавардии «Сомонэйр» боз як тайёраи сохти амрикоии навъи Боинг 737-800 харидорӣ кардааст. Хабаргузории «СА news» аз қавли масъулини ширкати «Сомонэйр» хабар медиҳад, ки тайёраи Боинг 737-800 аз тариқи қарзи бонкӣ харидорӣ шуда ва бо исми сардафтари адабиёти шуравии тоҷик Садриддин Айнӣ номгузорӣ шудааст. Аммо ин манбаъ қимати тайёра ва аз кӣ харидорӣ шудани ҳавопайморо эълом надоштааст. Аммо ин ширкат гуфтааст, тайёра аз ИМА харидорӣ шуда ва ба Душанбе аз тариқи Туркия ворид гаштааст.Тайёраи мазкур барои 172 мусофир ихтисос шуда ва қарор аст барои анҷоми парвоз дар хатсайрҳои Аврупо истифода шавад. Нахустин тайёраи Боинги ширкати «Сомон эйр» исми асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомониро дорад, ки дар як соли пеш харидорӣ шуда буд ва дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе парвозҳо анҷом медиҳад. Ин ширкат тасмим дорад хатсайрҳои нав ба Олмон ва Чинро ифтитоҳ кунад.
XS
SM
MD
LG