Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бо бӯҳрон дар ҳама ҷабҳаҳо мубориза мебарем"


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама гуфт, ки маъмурияти вай дар ҳама ҷабҳаҳо бо бӯҳрони иқтисодӣ мубориза мебарад ва аллакай ба пешрафтҳое ҳам даст ёфтааст. Вай гуфт:

"Мо стратегияи фарогиреро роҳандозӣ кардем, ки тавони мақовимат бо бӯҳронро дар ҳама самтҳо хоҳад дошт. Ин стратегия эҷоди ҷойҳои нави корӣ, кӯмак ба соҳибони бомасъулияти манзилҳо, эҳёи ҷараёни қарздиҳӣ ва пешбурди иқтисодро дар дарозмуддат дар назар мегирад. Ва мо аллакай баъзе нишонаҳои чунин пешрафтро ҳам мушоҳида мекунем".

Обама бо ин суханҳо дар баробари хабарнигорон соате пеш суханронӣ кард. Вай аз тарҳи буҷаи худ барои соли 2010 ҳимоят кард, ки 3,55 триллион долларо ташкил медиҳад ва бо танқидҳои зиёди ҷумҳурихоҳону баъзе демократҳо рӯбарӯ шудааст. Онҳо ин тарҳро аз ҳад зиёд гаронқимат арзёбӣ кардаанд.
Обама дар ҳоле дар ин замина сӯҳбат мекард, ки дирӯз вазири молияи Амрико Тимоти Гейзнер аз Конгресс даъват кард, ки барои танзими ширкатҳои азими молие, ки дар пайи бӯҳрони молӣ шикаст хӯрда ҳоло ба кулли иқтисоди ин кишвар хатар эҷод мекунанд, барояш салоҳияти бештар бидиҳад. Гейзнер дар баробари Кумитаи хадамоти молӣ гуфт, ки барои назорат аз бонкҳо, харидории қарзҳои бади онҳо ва фурӯши дороиҳои хубашон ба рақибон салоҳияти бештар мехоҳад.
XS
SM
MD
LG