Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин табаддулоти давлатӣ таҳия мекарданд?


Вазорати умури дохилаи Гурҷистон наворҳои видеоиеро пахш кард, ки онҳо аз омодагиҳо ба табодулоти давлатӣ дар рӯзи 9 апрел далолат мекунанд. Дар таҳияи табодулот ду узви боздоштшудаи ҷунбиши оппозитсионии “Барои наҷоти Гурҷистон” гумонбар мешаванд. Ба иттилоъи вазорат, дар ин сабтҳо фаъолони мухолифин дар бораи тарҳи ошӯби мусаллаҳона, аз ҷумла, ишғоли бинои парлумон, манораи телевизионии Тифлис ва имкони сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳур Михаил Сакашавилӣ сӯҳбат мекунанд. Интизор меравад, ки 9 апрел аҳзоби мухолифи ҳукумат дар Тифлис гирдиҳамоии бузург бо истеъфои Саакашвилиро доир кунанд.

Дар ҳамин ҳол аҳзоби мухолифи ҳукумат дар парлумони Гурҷистон тафтиши рушоди қазияи боздошти фаъолони ҳизби “Ҳаракати демократӣ - Гурҷистони воҳид”-ро талаб карданд. Тибқи иттилоъи ахир, айни ҳол 12 узви ҳизби раиси пешини парлумон Нино Бурҷанадзе аз сӯи мақомоти амниятӣ дастгир шудаанд. Раёсати ҳизб мегӯяд, ки ҳадаф аз боздоштҳо ҷилавгирӣ аз баргузории гирдиҳамоии густарда бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Гурҷистон аст.

XS
SM
MD
LG