Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чоудрӣ мубориза бо фасодро аз сар мегирад


Раиси Додгоҳи Олии Покистон Ифтихор Чоудрӣ хостори муборизаи беамон бо фасод дар мақомоти адлия шуд. Ӯ имрӯз дар Исломобод дар нишасти додрасҳо суханронӣ кард ва аз густариши фасод дар мақомоти адлия изҳори нигаронӣ намуд.

Ифтихор Чоудрӣ, ки 16 моҳ пеш бо амри раисиҷумҳури вақти Покистон Парвиз Мушарраф аз мақом барканор шуда буд, 21 март дубора ба курсии Додгоҳи Олии кишвар нишаст. Раиси Додгоҳ Абдуҳамид Дағар, ки баъди истеъфои иҷбории Чоудрӣ ба ин мақом расида буд, бознишаста шуд. Раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ҳанӯз як сол қабл ваъда дода буд, ки Чоудриро дар мақомаш барқарор мекунад. Ва аммо ҳукумат ба ваъда фақат баъди он вафо кард, ки ҷонибдорони аҳзоби мухолиф ва додрасҳо дубора ба майдонҳо рехта, хостори дар мақоми Раиси Додгоҳи Олӣ барқарор кардани Ифтихор Чоудрӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG