Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Маскав аз созиши Киев бо Иттиҳоди Аврупо


Русия машваратҳо бо Украинаро, бино ба имзои ёддошти тафоҳум миёни Киев ва Иттиҳоди Аврупо оид ба навсозии системи интиқоли гази Украина, ба мӯҳлати номаълум мавқуф гузошт. Дар ин бора раисиҷумҳур Дмитрий Медведев дар нишасти Шӯрои амнияти Русия хабар дод. Ба гуфтаи Медведев, бархе аз нуктаҳои ин ёддошти тафоҳум Маскавро нигарон кардааст. Санади навсозии системи интиқоли гази Украина дирӯз дар Брюссел аз сӯи мақомоти Украина, Иттиҳоди Аврупо ва намояндагони созмонҳои молӣ имзо шуд.

Сарвазири Русия Владиимр Путин изҳор намуд, ки навсозии системи интиқоли гази Украина бидуни ширкати Маскав ғайривоқеъист. Ӯ ҳамчунин ҳушдор дод, ки агар дар татбиқи ин тарҳ манфиатҳои Русия сарфи назар шаванд, Маскав равобиташ бо Иттиҳоди Аврупоро бознигарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG