Пайвандҳои дастрасӣ

Сербия аз қурбониёни амалиёти НАТО ёд мекунад


Имрӯз дар Сербия дар робита ба 10-умин солгарди бамборони кишвар аз сӯи ҳавопаймоҳои НАТО маросимҳои ёдбуд баргузор мешаванд. Қарор аст соати 12-и рӯз дар саросари кишвар бори дигар бонги изтироб садо диҳад. Шомгоҳ, замони нахустин ҳамлаи ҳавоӣ, ба ёди қурбониён зангулаҳои ибодатгоҳҳо занг мезананд. Имрӯз ҳамчунин нишасти вижаи ҳукумат баргузор хоҳад шуд, ки дар он сарвазири Сербия Мирко Светкович суханронӣ хоҳад кард.

Ба иттилоъи Созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар Human Rights Watch бар асари бамборони Сербия, ки 78 шабонарӯз идома кард, дасти кам 500 нафар кушта шудаанд. Ва аммо мақомоти Сербия мегӯянд, ки дар ин ҳаводис ду ҳазор аз мардуми осоишта ва тақрибан ҳазор низомии кишвар ба ҳалокат расидаанд. Амалиёти низомии НАТО баъд аз он қатъ гардид, ки раисиҷумҳури вақти Югославия Слободан Милошевич барои хуруҷи нерӯҳо аз Косово розӣ шуд. Баъд аз хуруҷи низомиёни серб тақрибан 900 ҳазор албаниҳо имкон пайдо карданд, ки ба манзилҳои худ дар Косово баргарданд.

XS
SM
MD
LG