Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири молияи Амрико Тимоти Гейзнер саранҷом мӯҳтавои тарҳи наҷоти бонкҳоро ифшо кард.

Ин тарҳ, ки “Барномаи нави сармоягузории хусусӣ ва давлатӣ” унвон шудааст, аз чанд бахш иборат аст. Аз ҷумла, ҳукумат дар назар мегирад, ки вомҳо ё қарзҳоро бо фоизи хеле паст пешниҳод кунад, то сармоягузорони хусусӣ имкон пайдо кунанд, ки аз бонкҳо ба маблағи 1 триллион доллар ба ном “дороиҳои харобшуда”-ро харида, аз ин роҳ бонкҳо қобилияти тақдими қарзҳоро аз сар бигиранд.

Дар айни ҳол, ба хотири бӯҳрони бозори манзил нархи хонаҳо бесобиқа коҳиш ёфт ва қарздорон ҳатто агар манзилҳояшонро ба фурӯш монанд ҳам, нахоҳанд тавонист аз ҳисоби даромадашон қарзи гирифтаро пӯшонад. Соҳибони хонаҳо худро муфлис эълон карда, бар ивази вом ба бонкҳо хонаҳояшонро бозпас медиҳанд ва аммо арзиши ин хонаҳо аз воме, ки бонк барои хариди он додааст, хеле камтар аст. Чунин дороиро дороии “харобшуда” унвон кардаанд. Азбаски дар айни ҳол сармояи аксари бонкҳоро чунин сарватҳои харобшуда ташкил медиҳад, онҳо имкон надоранд бо фаъолияти маъмулиашон, яъне пешкаши қарзҳо ба мардум ва ширкатҳо машғул шаванд.

Барномаи нав танҳо яке аз барномаҳои эҳёи иқтисодиест, ки раисҷумҳури Амрико Барак Обама дар нахустин ду моҳи раёсатҷумҳуриаш ба татбиқи он шурӯъ мекунад. Барномаи дигар бо арзиши 787-миллиард доллар ташкили ҷойҳои кории навро дар назар мегирад. Ва тадбири дигар дар самти наҷоти вазъи иқтисодӣ ихтисоси 750 миллиард доллар мебошад, ки ба барномаҳои мухталифи ангезишдиҳанда дар буҷаи соли молии нав ихтисос мешавад. Соли нави молии Амрико 1 октябри имсол шурӯъ мешавад.

Ва аммо ин ҳама дар ҳолест, ки тарҳи нави ҳукумат аллакай мавриди интиқоди ҳам ростгароён ва ҳам чапгароён қарор гирифт. Иқтисодшиноси маркази пажӯҳишии Carnegie Mellon University and the American Enterprise Institute дар Вошингтон Аллан Мелтзер гуфт, Обама мебоист иҷозат медод, ки бонкҳои варшикаста аслан аз ҳам бипошанд. Аз дигар ҷониб, барандаи ҷоизаи Нобел, мутахассиси риштаи иқтисод аз Princeton University Пол Кругман эълом намуд, ки Обама бояд гомҳои ҷасуртар бардошта, муваққатан идораи бонкҳои нокомшударо бар дӯши худ мегирифт ва онҳоро аз дороиҳои харобшуда раҳо мекард.

Ин дар ҳолест, ки бозорҳои саҳҳоми Амрико ба тарҳи ҳукумати Обама вокуниши хуб нишон дода, рӯзи сешанбеи 24-уми март шохиси Доу Ҷонс тақрибан ба 7 дар сад афзоиш ёфт.
XS
SM
MD
LG