Пайвандҳои дастрасӣ

Nano - мӯъҷизаи чорчархаи ҳиндӣ


Ширкати ҳиндии мошинсозии Tata Motors худрави арзонтарини ҷаҳонро ба фурӯш гузошт, ки исми он Nano мебошад. Ин мошин тақрибан ду ҳазор доллар арзиш дошта 14 моҳ баъди намоиши аввалин нусхаи он дар намоишгоҳи мошини Деҳлии Нав январи соли 2008 истеҳсол шудааст. Раҳбари Tata Motors - Рата Тата гуфт, ки Nano ба хонаводаҳои мардуми Ҳинд имконият медиҳад, ки соҳиби мошини муносиб ва ба ҳама ҳаво мутобиқ шаванд. Қарор аст дар оғози моҳи июл нахустин намунаҳои Nano дар хиёбонҳои Ҳинд пайдо шавад, чунки маҳз ҳамон вақт фурӯши мошин шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG