Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати СММ ба интихоботи боэътимод дар Афғонистон


Шӯрои амнияти СММ имрӯз бо раъйи оро қатъномаеро бо даъвати зарурат ба баргузории як интихоботи қобили эътимоди президентӣ дар Афғонистон ба тасвиб расонд. Қатъномаи рақами 1868 ҳамчунин ҳузури ҳайати СММ дар Афғонистонро то як соли дигар тамдид кард. Чунин ба назар мерасад, ки раъйпурсии 20 август як имтиҳони хеле муҳиме барои Афғонистон хоҳад буд. Инак ҳафт сол аст ин ҷо бо талошҳои муштараки нирӯҳои ИМА ва НАТО мубориза зидди шӯришиён идома дорад, вале вазъ то рафт бадтар мешавад. Феълан дар қаламрави Афғонистон беш аз 70 ҳазор сарбозони нирӯҳои байналмилалӣ хизмат мекунанд.
XS
SM
MD
LG