Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раҳбари Туркия бо нахуствазири Курдистон


Президенти Туркия Абдуллоҳ Гул имрӯз боздиди таърихии худро аз Ироқ идома дода қарор аст бо нахуствазири вилояти Курдистон Нирчирфон Барзонӣ дидору мулоқоте анҷом диҳад. Мулоқоти мазкур имрӯз дар Бағдод доир мешавад. Рӯзе пеш аз ин дар шаҳри курдиии Ҷалула бар асари таркиши як маргталаб, ки бомбае дар даст дошт, беш аз 20 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шуданд. Рӯзи душанбе Гул аз раиси ҷумҳурии Ироқ Ҷалоли Толибонӣ тақозо кард, ки PKK - Ҳизби коргарони Курдистонро бубандад. Анкара ин гурӯҳро дар ташкили ҳамлаҳо аз шимоли Ироқ ба ҷанубушарқи Туркия муттаҳам мекунад.
XS
SM
MD
LG