Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши иҷрои ҳукми қатл дар ҷаҳон


Созмони Афви байнулмилал ё Amnesty International гуфт, ки дар соли гузашта мавридҳои иҷрои ҳукми қатл дар саросари ҷаҳон 90 дар сад афзоиш ёфт. Дар гузориши тозанашри ин созмони мудофеи ҳуқуқи инсон гуфта мешавад, ки Чин 72 дар сади ҳамаи мавридҳои ҳукми қатли инсонро дар соли гузашта ба иҷро расондааст. Дар Эрон дар ин муддат 346 чунин ҳодиса ба қайд гирифта шудааст. Афви байнулмилал мегӯяд, ки дар пайи бекор шудани ҳукми қатл дар Ӯзбакистон ҳоло дар қаламрави Осиёи Марказӣ ин ҳукм амал намекунад. Дар Аврупо ва қаламрави шӯравии пешин Беларус бо чаҳор мавриди иҷрои ҳукми қатл дар соли гузашта танҳо кишваре гардид, ки ба иҷрои ин ҳукм идома медиҳад. Дар ИМА соли гузашта аз рӯи ҳисобҳои Афви байнулмилал нисбати 37 нафар ҳукми мазкур иҷро шудааст, ки камтарин нишондод аз соли 1994 маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG