Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Арзонтарин мошини ҷаҳон моҳи июл ба фурӯш мебарояд


Корхонаи мошинсозии Тата Моторз имрӯз тавлиди арзонтарин мошинҳои ҷаҳонро бо номи Нано оғоз кард. Ин мошин тақрибан 2 ҳазор доллар нарх дорад. 14 моҳ пеш, яъне дар моҳи январи соли 2008 дар Деҳлӣ мошини дигари арзон аз ин қибил муъаррефӣ шуда буд. Рата Тата-раиси корхонаи мошинсозии Тата Моторз мегӯяд, Нано мошинест, ки хонаводаҳои ҳинду метавонанд онро харидорӣ кунанд ва дар ҳар гуна вазъи обу ҳаво савор шаванд. Мумкин аст Нано дар роҳҳои Ҳиндустон зиёд ба чашм хӯрад, баъд аз он ки дар аввали моҳи июл фурӯши он оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG