Пайвандҳои дастрасӣ

Боздоштҳои мухолифон дар остонаи тазоҳурот


Ҳизби калидии мухолифони Гурҷистон мегӯяд, субҳи имрӯз 7 нафар аз аъзои ин ҳизб ба иттиҳоми доштани силоҳи ғайриқонунӣ боздошт шудаанд. Пулис нахостааст дар бораи хабари Нино Бурҷанадзе-раҳбари Ҳизби Ҷунбиши Демократӣ барои Гурҷистони Воҳид тавзеҳот диҳад. Ин ҳизб омодагӣ гирифтааст, 9-ӯми апрел дар Гурҷистон як силсила тазоҳурот созмон диҳад ва дар зимн истеъфои Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳурро тақозо кунад. Мухолифон президентро муттаҳам мекунанд, ки вай натавонистааст ваъдаҳои худро роҷеъ ба муттаҳид кардани нируҳои демократӣ амалӣ созад.

XS
SM
MD
LG