Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Системаи транзити газ дороии Украина хоҳад монд


Дар Бруссел раҳбарони боломақоми Украина ва Иттиҳодияи Аврупо дар музокирот қавл доданд, ки барои ислоҳот дар системаи транзити газ якҷоя кор мекунанд. Ин ислоҳот бояд то поёни соли 2011 анҷом бигирад. Дар ин музокирот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба сармоягузорӣ дар таҷдиди системаи интиқоли гази табиии Украинаро барррасӣ мекунанд.

Дар ин музокирот Виктор Юшенко-раиси ҷумҳур ва хонум Юлия Тимошенко-нахуствазири Украина якҷо бо Сергей Шматко-вазири энержии Русия, Хосе Мануел Бароссо-раиси Кумиссиюни Аврупо ва раисони кумиссиюнҳои равобити хориҷӣ, умури энержӣ ва намояндагони муассисаҳои молии байналмиллалӣ ва саноати газ ширкат доранд. Тимошенко-нахзуствазири Украина дар конфронси байналмиллалии сармоягузорон гуфт:


"Эъломияи муштараки мо ба таври возеҳ эълон мекунад, ки тибқи қонуни Украина системаи транзити гази Украина дороии давлат боқӣ хоҳад монд".

Ба нақша гирифта шудааст, ки ширкаткунандагон дар поёни мулоқоти худ эъломияе дар бораи уҳдадориҳои Украина роҷеъ ба ислоҳот дар муқаррароти фаъолияти шабакаҳои газ имзо кунанд.

XS
SM
MD
LG